Дар сафорати Точикистон дар Кувайт брифинг оиди омодаги ба Конфронси обии СММ баргузор шуд — ИА Караван Инфо
Дар сафорати Точикистон дар Кувайт брифинг оиди омодаги ба Конфронси обии СММ баргузор шуд

Санаи 26 май дар Сафорати Чумхурии Точикистон дар Давлати Кувайт брифинг оид ба вазъи кунунии Конфронси 3-юми байналмилалии сатхи баланд оид ба Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор дар солхои 2018-2028» баргузор гардид.

Дар чорабини иштирокчиёни мухим, аз чумла намояндаи Дабири кулли СММ дар кишвари мизбон Гада Хотим Элтохир ширкат доштанд.

Рохбари намояндагии дипломатии Точикистон Зубайдулло Зубайдзода чанбахои асосии Конфронси оби СММ-2024-ро таъкид намуда, дар бораи ташаббусхои глобалии Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон маълумот дод. Хамчунин, намояндаи доимии СММ дар Давлати Кувайт аз ахамияти ин чорабини изхор дошта, хамраисии муваффаки Точикистонро дар омодасозии он кайд намуд.

Акидахо ва ташаббусхое, ки дар брифинг барраси шуданд, ба мусоидат ба рушди устувор нигаронида шуда, ахамияти хамкорихои байналмилали дар халли мушкилоти глобалии экологи таъкид шуданд.

error: