Президенти Узбекистон хамраиси шурои Тичоратии Узбекистону- саудиро кабул намуд — ИА Караван Инфо
Президенти Узбекистон хамраиси шурои Тичоратии Узбекистону- саудиро кабул намуд

Санаи 4 июн Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиеев бо хамраиси шурои Тичоратии узбекистон-сауди, раиси идораи ширкати «ACWA Power» Мухаммад Абунайян мулокот намуд.

Дар вохурихо дурнамои густариши хамкори бо ширкатхои Арабистони Сауди, инчунин татбики лоихахои муштараки сармоягузори барраси гардид.

Президент хамкории созандаро бо «ACWA Power» кайд намуд ва накши ширкатро дар навсозии бахши энергетикии Узбекистон бо истифода аз технологияхои «сабз» таъкид намуд. Дар айни замон дар каламрави Чумхурии Узбекистон лоихахое амали намуда мешаванд, ки бучаи онхо аз 17 миллиард сум зиед аст.

Чонибхо татбики лоихахои муштаракро оид ба рушди инфрасохтори фурудгоххо, рушд ва ракамисозии сохаи энергетика, навсозии шабакахои таъминоти гарми, коркарди партовхо, истехсоли махсулоти дорусози ва бофандаги, кушодани клиникахои тибби, таъсиси марказхои сайехи, пешбурди лоихахои кишоварзи ва дигар самтхо барраси намуданд.

Аксхо: Вазорати Энергетикаи Чумхурии Узбекистон

error: