Санаи 5 июн дар Тошканд форуми тичоратии узбекистону олмон дар доираи чаласаи хаштуми шурои сохибкорони узбекистону олмон баргузор гардид.

Дар чорабини, ки тахти раесати Сарвазири Чумхурии Узбекистон Абдулло Арипов ва узви раесати кумитаи иктисодии шаркии Олмон Манфред Грундке баргузор шуд, рохбарони ширкатхои пешрафта ва ширкатхои ду кишвар иштирок намуданд.
Дар доираи форум табодули хамачонибаи афкор оид ба афзоиши хачми савдои мутакобила, рушди минбаъдаи хамкори оид ба татбики лоихахои муштараки сармоягузори дар сохахои гуногун сурат гирифт.
Кайд карда шуд, ки тахти рохбарии Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ислохоти системави, аз чумла корхое, ки ба бехтар намудани мухити тичорат равона шудаанд, гузаронида мешаванд.
Дар айни замон дар Узбекистон бисер ширкатхо ва бонкхои олмони, ба монанди Knauf, Papenburg, Falk Porsche, Klaas, Commerzbank, KfV бомуваффакият кор мекунанд.
Дар форуми тичорати иштирокчиен ба татбики якчояи лоихахо дар энергетикаи сабз, технологияхои иттилооти, наклиет, рушди инфрасохтор, тандурусти, маориф ва дигар сохахо таваччух зохир намуданд.