Ба гуфтаи коршиносон, сармоягузории чахони ба технология ва инфрасохтори энергетикии «сабз» бояд дар соли 2024 ба 2 триллион доллар бирасад. Сарфи назар аз монеахо дар шакли харочоти баланди маблаггузори, бахусус дар кишвархои ру ба таракки, агентии байналмилалии энергетики (МЭA) афзоиши хачми сармоягузориро дар ин самт пешбини мекунад.

Мувофики маълумоти МЭA, ин маблагхо ба рушди сохахо, аз кабили энергияи баркароршаванда, мошинхои барки, энергетикаи атоми, сузишвории камкарбон, шабакахои таксимот ва нигохдории неруи барк равона карда мешаванд. Дар назар аст, ки сармоягузории умумии энергетики дар соли чори бори аввал аз 3 триллион доллар зиед шавад. Хамин тарик, сармоягузори ба энергетика ва шабакахои энергетикии «сабз» бори аввал аз маблаге, ки барои манбаъхои анъанавии сузишвори сарф шудааст, зиедтар хохад буд.