Санаи 7 июн рузи чахонии амнияти озукавори «Амнияти озукавори: омодаги ба холатхои гайричашмдошт» баргузор шуд
Точикистон сохаи хуроквориро фаъолона рушд дода, ба назорати фитосанитарии махсулоти дар кишвар истехсолшаванда диккати зарури медихад.
Дар ин руз корманди Кумитаи амнияти озукавории назди Хукумати Чумхурии Точикистон Абдувахоб Афгонов дар мусохиба бо НИАТ «Ховар» ба саволхои рузноманигорон посух дод. Ба гуфтаи хамсухбат, амнияти озукавори ин набудани ё сатхи бехатар ва кобили кабули хатари гизо мебошад, ки метавонад ба саломатии истеъмолкунандагон зарар расонад.

«Амнияти озукавори дар хама мархилахои занчири истехсоли — аз истехсол то чамъовари, корнамуд, нигохдори, таксимот то пухтупаз ва истеъмол накши мухим мебозад. Гизои бехатар он аст, ки хурокхо ба саломати хатар надоранд. Усулхои истехсол, нигохдори, корнамуд ва истеъмоли махсулот ба бехатарии онхо таъсир мерасонанд», — кайд намуд А. Афгонов.

Вай инчунин кайд намуд, ки имруз дар кишвар чорводори, мохипарвари, паррандапарвари, занбури асалпарвари, растанипарвари ва дигар бахшхои кишоварзи фаъолона рушд мекунанд. Дастгирии давлатии сохаи кишоварзи идома дорад.

«Бо максади истехсоли махсулоти бехатарии хайвонот — гушт, шир, тухм, асал, корхои фахмонидадихи ва тавсияхо оид ба истифодаи максадноки дорухои дорои ахамияти байтори, аз кабили антибиотикхо дар байни хочагихо ва дехконон мунтазам гузаронида мешаванд» — илова намуд коршинос.
Тасдики сифати махсулот аз Точикистон — афзоиши таъминот ба хорича мебошад. Тибки Маълумоти Вазорати кишоварзии Точикистон, кишвар танхо дар семохаи аввали соли 2024 ба 18 кишвари чахон 84,3 хазор тонна махсулоти кишоварзи содир намудааст. Аз ин 74,2% ба кишвархои ИДМ ва 25,8% ба кишвархои хоричи дур.
Аксхо: НИАТ»Ховар»