Санаи 4 июни соли 2024 Вазири рушди иктисод ва савдои Точикистон Завкизода Завки Амин бо хамохангсози доимии СММ Дар Точикистон Парвати Рамасвами мулокот намуд.
Вазир ба хамохангсози доими барои хамкори ва сахмгузори дар татбики хадафхои стратегии кишвар ташаккур гуфт.

Пеш аз хама кайд карда шуд, ки хамкори бо СММ барои рушди иктисоди милли ва расидан ба Хадафхои рушди устувор ахамияти мухим дорад.
Дурнамои рушди хамкорихои Точикистону СММ, инчунин чалби маблагхои гранти оид ба лоихахои нав барраси гардид. Инчунин масъалаи омодаги ба баргузории чаласаи шурои Миллии рушди назди Президенти Чумхурии Точикистон барраси гардид.

Парвати Рамасвами аз чониби худ изхор дошт, ки омода аст ба рушди устувори иктисодии Точикистон сахм гузорад ва ба омодаги ва баргузории ин чаласаи шурои Милли мусоидат кунад.
Дар мулокот чонибхо зикр карданд, ки хамкори бо шарикон, аз Чумла СММ тахти рохбарии Президенти Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар хавасмандгардонии рушди иктисоди ва расидан ба хадафхои рушди устувор накши калиди дорад.
Аксхо: Вазорати рушди иктисод Ва савдои Чумхурии Точикистон