Чин аввалин шуда намунахои хокро аз кафои Мох чамъовари намуд — ИА Караван Инфо
Чин аввалин шуда намунахои хокро аз кафои Мох чамъовари намуд

Санчиши Чанэ-6-и Чин бори аввал дар таърих тавонист намунахои хокро аз кафои Мох чамъовари кунад ва бомуваффакият ба Замин баргардад. Ин маълумотро идораи миллии кайхонии Чин пешниход намудааст.

Модули нишасти зонд Чанэ-6 санаи 2 июни соли 2024 дар тарафи кафои Мох бомуваффакият фуруд омад. Пас аз фуруд омадан дар хавзаи Кутби Чанубии Эйткен, ки бузургтарин кратери мохвора аст, зонд дасти роботи ва бури махсусро барои истихрочи намунахои хок истифода бурд.

Ин аллакай рисолати шашуми Чин барои омухтани Мох аст. Дар доираи миссияи каблии Чанэ-5 дар соли 2020, зондхои чини намунахои хокро аз тарафи намоени Мох чамъовари намуданд.

error: