Дар Казокистон дар соли 2023 афзоиши истехсоли махсулоти гизои ба кайд гирифта шудааст — ИА Караван Инфо
Дар Казокистон дар соли 2023 афзоиши истехсоли махсулоти гизои ба кайд гирифта шудааст

Хукумати Казокистон масъалаи таракки додани саноати хуроквори ва коркарди чумхуриро дидан намуд. Вазири хочагии кишлоки Чумхурии Казокистон  Айдарбек Сапаров маърузаи муфассал дод.

Тибки маълумоти мавчуда, дар соли 2023 афзоиши истехсоли махсулоти хуроквори 1,8 фоиз ба кайд гирифта шудааст, ки 3,1 триллион тенгеро ташкил медихад. Хачми сармоягузори ба истехсоли махсулоти хуроквори низ 7,1 фоиз афзуда, 151 миллиард тенгеро ташкил намуд.

«Дар сохаи коркарди махсулоти кишоварзи 48 лоихаи сармоягузори ба маблаги умумии 119 миллиард тенге амали карда шуд. Дар коркарди махсулоти зироат 3 самти асосиро чудо кардан мумкин аст – коркарди галла, зироатхои равгандор ва истехсоли канд. Истехсоли орд 3,2 миллион тоннаро ташкил дод, ки ин назар ба истеъмоли дохилии Чумхури бештар аз 2 баробар зиёд аст. Хамзамон, Казокистон аз руи хачми содироти дар чахон яке аз мавкеъхои пешкадамро ишгол мекунад», — кайд намуд А. Сапаров.

error: