Президенти Киргизистон Садир Чапаров бо Президенти бонки исломии рушд Мухаммад Ал-Чассер мулокот намуд — ИА Караван Инфо
Президенти Киргизистон Садир Чапаров бо Президенти бонки исломии рушд Мухаммад Ал-Чассер мулокот намуд

Хафтаи гузашта Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Чапаров бо Президенти бонки исломии рушд Мухаммад Ал-Чассер мулокот намуд.

Дар рафти гуфтушунидхо чонибхо масъалахои амикгардонии хамкорихои дучониба ва татбики лоихахои муштаракро барраси намуданд. Президенти Чумхури таъкид намуд, ки Киргизистон ба хамкори бо ИБР ахамияти аввалиндарача медихад.

Ба гуфтаи Президенти Киргизистон, натичаи мухими хамкори бо бонк барномаи «Хонаи ман — 2021-2026» буд, ки ба таъмини ахолии Чумхури бо манзили дастрас равона шудааст. Дар доираи лоиха такрибан 1800 оила бо манзили ичтимои таъмин намуда мешаванд.

С. Жапаров татбики бомуваффакияти лоихахои бузурги сохаи энергетикаро кайд намуд. Дар ин замина, у ба президенти ИБР пешниход намуд, ки имконияти иштироки институти молиявиро дар лоихаи сохтмони НБО Камбар-Ата-1 барраси кунад.

Мухаммад Ал-Чассер афзоиши нишондихандахои иктисодии Киргизистонро кайд намуд. Вай таъкид кардд, ки ба туфайли табиати беназири худ, Чумхури дорои иктидори бузурги рушди энергетикаи сабз мебошад.

Илова бар ин, президенти бонки Исломии рушд Садир Жапаровро даъват намуд, ки маблаггузории лоихахои сохтмони Неругоххои хурди барки оби, рушди захирахои инсони, кохиши камбизоати ва дастгирии оилахои аз чихати ичтимои осебпазирро барраси кунад.

Дар анчоми мулокот Садир Чапаров чихати сахми назаррас дар рушди ичтимоию иктисоди ва баланд бардоштани сатхи некуахволии Чумхурии Киргизистон Мухаммад Ал-Чассерро бо ордени «Достук» мукофотонид.

Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Киргизистон

error: