Раиси хучраи (Кабинет) Вазирон Рохбари Маъмурияти Президенти Чумхурии Киргизистон Акилбек Жапаров бо президенти агентии корея оид ба хамкории байналмилали (KOICA) Чанг Вон Само мулокот намуд.

«Мехохам зикр намоям, ки созишномаи Чахорчубаи кумаки ройгон, ки соли 2013 байни Хукуматхои Киргизистон ва Корея ба имзо расид, инчунин ифтитохи Намояндагии KOICA дар Бишкек заминаи мустахками хамкорихои мутакобилан судманд ва амалиро фарохам овард. Чумхурии Киргизистон фаъолият ва сахми KOICA-ро дар рушди муносибатхои дучонибаи Киргизистон ва Корея хеле кадр мекунад. Дар тули ин солхо, KOICA шарики боэътимод ва дусти Киргизистон гардид», — кайд намуд А. Жапаров.

Дар навбати худ, Президенти KOICA Чанг Вон дар бораи самтхои афзалиятноки агенти сухан ронда, ракамисози, таъгирёбии иклим ва рушди маорифро таъкид намуд. Илова бар ин, у дар бораи накшахои афзоиши хачми сармоягузори ва дигар дастгирии Киргизистон сухан гуфт.

Дар чараёни мулокот масъалахои хамкори дар сохахои кишоварзи, саноати сабук, рузномаи «сабз», инчунин баланд бардоштани иктидори низоми интихоботии Киргизистон барраси шуданд.
Аксхо: сомонаи Расмии Кобинаи Вазирони Чумхурии Киргизистон