Президенти Точикистон Сарвазири Хиндустонро бо пирузи дар интихоботи умумии парлумони табрик гуфт — ИА Караван Инфо
Президенти Точикистон Сарвазири Хиндустонро бо пирузи дар интихоботи умумии парлумони табрик гуфт

Хафтаи гузашта Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон Сарвазири Чумхурии Хиндустон Нарендра Модиро бо анчоми бомуваффакияти интихоботи парлумонии кишвар ва пирузии хизби у табрик гуфт.

«Натичахои ин чорабинии мухими сиёси боз як далели равшани дастгирии хамачонибаи чомеаи Хиндустон аз самти давлатии Шумо мебошанд, ки асосан ба татбики пайвастаи хадафхои арзанда барои ноил шудан ба рохбарии кишвари шумо дар самти рушди устувори ичтимоию иктисоди нигаронида шудаанд.

Кобили тахсин аст, ки Чумхурии Хиндустон тахти рохбарии Шумо мавкеъ ва эътибори худро дар арсаи байналмилали мустахкам намуда, имруз дар халли масъалахои мухими чахони накши назаррас дорад», — гуфта мешавад дар телеграммаи табрикотии Президенти Точикистон.

Хамчунин Эмомали Рахмон ба тавсеа ва гани гардонидани робитахои дустонаи Точикистону Хиндустон ва хамкорихои гуногунчанба изхори бовари намуд. Илова бар ин, Рохбари Точикистон омодагии худро барои идомаи муколамаи созандаи байнидавлати дар хама сатххо изхор намуд.

«Ба Шумо, Чаноби Оли, саломатии кави, хушбахти ва муваффакиятхои нав, ба мардуми дусти Хиндустон — сулхи устувор, субот ва шукуфои ва шукуфоии афзоянда таманно дорам», — гуфта мешавад дар табрикоти расми.

Аксхо: сомонаи Расмии Президенти Чумхурии Точикистон

error: