Дар аввали мохи июн дар чараёни форуми байналмилалии Иктисодии 27-уми Петербург муовини аввали Вазири рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон Солехзода Ашурбой бо Муовини Вазири рушди иктисодии Федератсияи Русия Волвач Дмитрий мулокот намуд.

Чонибхо масъалахои тахкими хамкорихои дучониба, таъсиси корхонахои муштараки саноати ва татбики лоихахои сармоягузориро барраси намуданд. Кайд гардид, ки Федератсияи Россия 10 сол боз бузургтарин шарики тичоратии Чумхурии Точикистон мебошад.

Илова бар ин, иштирокчиени мулокот масъалахои чалби сармоя аз Русия, хамкории байниминтакави, инчунин таъсиси корхонахои муштараки саноатиро дар худуди минтакаи озоди иктисодии Чумхурии Точикистон барраси намуданд. Натичахои асосии ичрои мукаррароти Протоколи чаласаи 19-уми комиссияи Байнихукумати оид ба хамкории иктисоди байни Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Руссия алохида барраси намуда шуданд.
Дар анчоми мулокот чонибхо изхори омодаги намуданд, ки чихати афзоиш ва диверсификатсияи содироти махсулоти точик ба Федератсияи Россия, инчунин густариши минбаъдаи хамкорихои мутакобилан судманд ва татбики ташаббусхои зикргардида, чорачуи намоянд.
Аксхо: Вазорати корхои хоричии Точикистон