Санаи 11 июн Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Россия Давлатшох Гулмахмадзода бо Президенти донишгохи федеролии Казон Рияз Минзарипов дар Тотористон мулокот кард.

Дар бораи омода намудани мутахассисони баландихтисос, гузаронидани тачрибаомузи ва зиед кардани квотахо барои шахрвандони Точикистон табодули афкор сурат гирифт.
Сафир инчунин бо донишчуен, рохбарони чамъиятхои фархангии Точикистон ва варзишгароне, ки дар бозихои варзишии кишвархои БРИКС иштирок мекунанд, мулокот намуд.
Д. Гулмахмадзода кайд намуд, ки максади баргузории ин вохури ичрои дастури Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиесати дохиливу хоричии чумхури» ва эълони соли 2024 «Соли маърифати хукуки» мебошад. Ин Паём инчунин дар бораи мубориза бо ифротгарои ва терроризм, пешгирии вуруди чавонон ба гуруххо ва харакатхои террористи ва экстремисти, инчунин тарбияи насли наврас дар рухияи ватандусти сухан меронад.
Рохбари намояндагии дипломати ба хозирин дар бораи Рушди Точикистон ва ташаббусхои чахонии об, аз чумла эълони СММ дар соли 2025 – «Соли хифзи пиряххо» иттилоъ дод.
Дар анчоми чорабини ба донишчуен ва варзишгарон сипосномахо супорида шуданд.
Аксхо: ХАДАМОТИ Матбуоти CFC