Душанбе, 12 май, АИ Караван Инфо. Дар шахри Хучанд, маркази Вилояти Сугд, аз 12 то 14 июни соли чори намоишгохи байналмилалии Савдои «Сугд-2025» ва Форуми имкониятхои савдо ва сармоягузори баргузор мегардад.

Тибки иттилои палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд, ин чорабини барои муаррифии махсулоти корхонахои истехсолии Точикистон ва густариши хамкори дар арсаи байналмилали имконияти беназир хохад буд.
Намоишгохи «Сугд-2025» платформаи олие барои рушди лоихахо ва ташкили муносибатхои нави шарики бо корхонаву ширкатхои Точикистон мебошад.
Иштирокчиёни намоишгох имконият пайдо мекунанд, ки махсулоти худро дар бозори байналмилали муаррифи кунанд, бо шарикони тичорати созишномахои стратеги банданд ва роххои нави рушдро дар сохахои технологи ва истехсоли пайдо кунанд.
Максади асосии намоишгохи байналмилалии Тичоратии Сугд-2025 дастгирии савдои байналмилали, афзоиши иктидори содироти ва чалби сармоягузори ба кишвар мебошад. Он инчунин ба густариши хамкорихои судманд бо давлатхои хоричи ва чалби технологияхои пешрафта равона намуда мешавад, ки барои тахкими рушди иктисоди ва татбики инноватсия мухим аст.
Ташкили ин чорабини барои тахкими робитахои тичоратии байни кишвархо ва рушди хамкорихои байналмилали дар сохаи молия, савдо ва сармоягузори ахамияти калон дорад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд