Казокистон ба накша гирифтааст, ки Конвенсия дар бораи мукаррар намудани хадди акали музди мехнат бо назардошти махсуси кишвархои ру ба таракки (Конвенсияи 131) тасдик намуда шавад. Лоихаи конун аллакай ба Мачлиси Чумхурии Казокистон ворид намуда шудааст. Максади асосии Конвенсия мукаррар намудани хадди акали музди мехнат мебошад, ки хамаи гуруххои коргарони кирояро дар бар мегирад, ки шароити кории онхо истифодаи чунин системаро максаднок мекунад.

Конвенсияи 131 дар конфронси Генералии созмони Байналмилалии мехнат (СБМ) 3 июни соли 1970 кабул намуда шуд. Конунгузории Чумхурии Казокистон аллакай ба мукаррароти Конвенсия мувофикат мекунад ва тасдики он татбики минбаъдаи стандартхои байналмилалиро дар самти мукаррар намудани хадди акали музди мехнат таъмин менамояд.
Мувофики ин Конвенсия, хадди акали музди мехнат кувваи конуни дорад ва набояд паст намуда шавад. Омилхое, ки хангоми муайян намудани сатхи хадди акали музди мехнат ба назар гирифта мешаванд, инхоянд:
● Эхтиёчоти коргарон ва оилахои онхо, бо назардошти сатхи умумии музди мехнат дар кишвар, арзиши зиндаги, кумакпулихои ичтимои ва сатхи мукоисавии зиндагии дигар гуруххои ичтимои;
● Мулохизахои иктисоди, аз чумла талаботи рушди иктисоди, сатхи хосилноки ва матлуб барои ноил шудан ва нигох доштани сатхи баланди шугл.