Душанбе, 25 июл, АИ «Караван инфо». Сарвазири Точикистон Кохир Расулзода бо сафари кори ба Федератсияи Русия барои иштирок дар конфронси байналмилалии экологи, ки аз 24 то 26 июл дар Чумхурии Алтай баргузор мешавад, омад.

Тавре Сафорати Точикистон дар Русия хабар медихад, хайати расмии кишварро дар конфронс сарвари хукумат рохбари мекунад. Пас аз расидан ба Алтайи Кухи Кохир Расулзода ва шахсони хамрохи у намояндагони чониби кабулкунанда аз руи анъанахои руси ва алтайи бо нон ва намак самимона пешвоз гирифтанд. Хайатро Сарвари Чумхурии Алтай Андрей Турчак шахсан истикбол намуд.
Дар чорабини хайатхои хафт давлат — Арманистон, Беларус, Казокистон, Киргизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Точикистон, ки соли 2025 дар Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) раиси мекунад, иштирок мекунанд. Тавре, ки каблан хабар дода шуд, Дар кори форум инчунин Раиси Хукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин иштирок мекунад.
Мавзуъхои асосии конфронс амнияти экологи, хифзи гуногунии биологи, истифодаи устувори захирахои табии ва тахкими хамкории байналмилали дар сохаи хифзи мухити зист мебошанд.
Андрей Турчак кайд намуд, ки Чумхурии Алтай хар сол ба Точикистон чорвои калон содир мекунад. «Хачми таъминот хурд, вале устувор аст», — таъкид намуд у.
Илова бар ин, раиси минтака аз нияти рушди робитахои фарханги ва таълими бо Точикистон хабар дод. Аз чумла, дар соли нави тахсил Донишгохи Давлатии Кухистони Алтай ният дорад, ки донишчуёни Точикистонро ба тахсил кабул намояд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода