МОСКВА, 9 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Фаронса бӯҳрони сиесӣ босуръат рушд мекунад, ки ояндаи Эммануэл Макронро зери шубҳа мегузорад.
Ҳазорон эътирозгарон бо шиорҳои «Макрон, берун шав!» ба кӯчаҳо баромаданд.». Норозигӣ аз афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ, бад шудани сатҳи зиндагӣ ва сиесати шадиди иқтисодии мақомот ба вуҷуд омадааст.

Буҳрон пас аз он шиддат гирифт, ки парлумон бори аввал дар таърихи ҷумҳурии панҷум ба ҳукумати Франсуа Байр вотуми нобоварӣ баровард. Ин чаҳорумин сарвазир аст, ки дар бист моҳи охир мақоми худро аз даст додааст.
Бо вуҷуди огоҳиҳои Байр, ки суқути ҳукумат мушкилоти қарз ва норасоии буҷетро ҳал намекунад, вакилон ӯро ба истеъфо фиристоданд.
Сабаби ин чораҳои сарфакории сахт буд: кам намудани хароҷот барои тиб ва нафақа, кам намудани шумораи хизматчиени давлатӣ ҳангоми афзоиши буҷети ҳарбӣ. Ин қарор мавҷи хашмро ба бор овард.
Мухолифон Макронро айбдор намуданд, ки бори бӯҳронро ба дӯши шаҳрвандон мегузорад, дар ҳоле ки сиесати андози ӯ, аз соли 2017 сар намуда, фарқияти байни сарватмандон ва камбағалонро тақвият дод.
Вазъи молиявии кишвар ҷиддӣ аст: касри буҷет қариб ба 169 миллиард евро расид, қарзи давлатӣ аз 3,3 триллион гузашт ва пардохтҳои фоизӣ хароҷоти таҳсилотро паси сар намуданд. Эътимод ба президент ба рекорди 15% коҳиш ёфт.
Коршиносон ҳушдор медиҳанд: кишвар дар назди интихоб қарор дорад — пароканда намудани парлумон ва интихоботи нав ё рафтани Макрон. Аммо то ҳол ӯ ба созиш омода нест, дар ҳоле ки ҳаракати эътирозӣ ва фишори мухолифин танҳо афзоиш меёбад.
Фаронса бузургтарин бӯҳрони даҳсолаҳои охирро аз сар мегузаронад. Омезиши таварруми баланд, норозигии иҷтимоӣ ва ноустувории сиёсӣ вазъи ҳокимиятро хеле ноустувор мекунад.
Таҳлилгарон вазъиятро «пеш аз инқилоб» меноманд ва ҳушдор медиҳанд, ки бидуни созиш кишвар метавонад ба бесарусомонии тӯлонӣ дучор шавад.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода
