Қазоқистон ва Русия ният доранд гардиши молро то 30 миллиард доллар афзоиш диҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Русия ният доранд гардиши молро то 30 миллиард доллар афзоиш диҳанд

Остона, 13 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Арман Шаккалиев дар ҷаласаи умумии Форуми XXI ҳамкории байниминтақавии Русия ва Қазоқистон суханронӣ намуда, аҳамияти стратегии густариши кооперасияи саноатиро барои ноил шудан ба ҳадафи – дар муддати кӯтоҳтарин ба 30 миллиард доллар расонидани гардиши мол таъкид намуд. Мавзӯи форум ба касбҳои корӣ ҳамчун ронандаи рушди иқтисодиёт бахшида шуда буд.

Вазир қайд намуд, ки Форум бо иштироки Сарони давлатҳо Қасим-Жомарт Токаев ва Владимир Путин майдони беназири муколамаи стратегӣ мебошад.

Ба гуфтаи Арман Шаккалиев, Қазоқистон ва Русия аллакай 30 лоиҳаи муштаракро ба маблағи 4,4 миллиард доллари ИМА амалӣ намуда, беш аз 12 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис додаанд. Дар ояндаи наздик 29 лоиҳаи дигар ба маблағи 30,8 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, ки имкон медиҳад беш аз 23 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд. Ин ташаббусҳо соҳаҳои калидиро фаро мегиранд: энергетика, мошинсозӣ, металлургия, химия ва кишоварзӣ, ташкили марказҳои нави салоҳият ва таъмини рушди устувори саноатӣ.

Дар форум ба рушди сармояи инсонӣ диққат дода шуд, зеро ба гуфтаи вазир, меҳнат асоси рушди саноатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Қазоқистон соли 2025-ро Соли касбҳои корӣ эълон намуд ва корҳои мукаммалро оид ба такмили низоми тайёр намудани кадрҳо ва баланд бардоштани эътибори касбҳои корӣ анҷом медиҳад.

Аз соли 2024 Консепсияи рушди бозори меҳнат то соли 2030 амалӣ намуда мешавад, ки ҳадафи стратегии он баланд бардоштани тахассуси қувваи корӣ мебошад. То соли 2030 Қазоқистон ният дорад, ки на камтар аз 3,8 миллион ҷойҳои кории босифат таъсис диҳад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳо идома дорад: дар донишгоҳҳои русия зиёда аз 55 ҳазор қазоқистонӣ ва дар Қазоқистон зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони Русия таҳсил мекунанд.

Вазир инчунин ҷорӣ намудани зеҳни сунъиро (ЗС) қайд намуд. Қазоқистон аввалин кластери суперкомпютерии Осиёи Марказиро оғоз намуд ва барномаҳои таълимиро таҳия мекунад: Ai Qyzmet барои хизматчиёни давлатӣ, AI Sana барои донишҷӯён ва AI Olymp барои мактаббачагон

Сурат: МТИ ҶҚ

error: