Қазоқистониён бе раводид ба куҷо рафта метавонанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистониён бе раводид ба куҷо рафта метавонанд

ОСТОНА, 28 ноябр АИ «Караван инфо». Қазоқистониҳо, ки бо шиносномаи оддӣ сафар мекунанд, метавонанд ба як қатор кишварҳо бе гирифтани раводид ташриф оранд, хусусан агар мақсади сафар истироҳат ё ташриф ба назди дӯстон бошад. Дарозтарин мӯҳлати бидуни раводидро Гурҷистон таъмин мекунад, ки дар он метавонанд то як сол бимонанд.

То 90 рӯз бидуни раводид ба Албания, Колумбия, Озарбойҷон, Беларус, Муғулистон, Русия, Сент-Китс ва Невис, Бразилия, Гаити, Косово, Молдова, Украина, Аргентина, Эквадор, Намибия, Гамбия, Инчунин ба Сент-винсент ва Гренадина ворид шудан иҷозат дода шудааст. Дар Туркия ва Тунис режими 90 рӯз дар давоми 180 амал мекунад, яъне рӯзҳои будубош дар шаш моҳ ҷамъбаст намуда мешаванд.

То 30 рӯз бидуни раводид метавонанд дар Босния ва Герсеговина, Ветнам, Қатар, Чин, Малайзия, Малдив, АМА, Сейшел, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ, Доминикан, Ямайка, Вануату, Микронезия, Тонга ва Умон бошанд. Дар Марокаш қоидаи “30 рӯз аз 180″амал мекунад.

Дар Ҳонконг ва Эрон барои 14 рӯз бидуни раводид қабул намуда мешаванд.

То 180 рӯз дар Арманистон, Антигуа ва Барбуда будан мумкин аст.

Барбадос барои 28 рӯз, Ҷазираҳои Кук барои 31 рӯз ва Таиланд барои 60 рӯз кушода аст.

Аксҳо аз манбаъҳои кушода

error: