Москва, 12 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар доираи Форуми XXI ҳамкории байниминтақавии Қазоқистон ва Русия сессияи панелӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо барои маҷмааи агросаноатӣ баргузор шуд. Раиси раёсати маркази миллии илмӣ-таълимии аграрӣ Баурҷон Асанов аҳамияти баланд бардоштани нуфузи касбҳои коргаронро қайд намуд.

Талаботи солонаи Қазоқистон ба мутахассисони касбҳои корӣ барои КАС тақрибан 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Кишоварзии муосир дониши технологияҳои рақамӣ, системаҳои автоматизатсия ва биотехнологияро талаб мекунад.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани ҷолибияти деҳот барои мутахассисони ҷавон, аз ҷумла таъмини манзил ва дастгирии иҷтимоиро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои амиқтар намудани ҳамкорӣ дар тайер намудани кадрҳо барои соҳаи аграрӣ изҳор намуданд.
Сурат: ВК ҶҚ
