ВАШИНГТОН, 7 ноябр АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар саммити Осиё Марказӣ – ИМА (С5+1), ки дар Кохи Сафед баргузор шуд, иштирок намуд. Бо изҳори миннатдорӣ ба ҷониби амрико барои ташкили мулоқоти таърихӣ, Сарвари давлат таъкид намуд, ки ин формат давраи нави ҳамкориро байни Кишварҳои Осиё Марказӣ ва ИМА оғоз мекунад.

Дар суханронии худ Касим-Жомарт Токаев нақши назарраси президенти ИМА Доналд Трампро дар таҳкими суботи байналмилалӣ қайд намуда, ӯро пешвои барҷастаи сиёсӣ номид. Вай таъкид намуд, ки сиёсати Трамп, ки ба эҳёи қудрати Миллии Амрико нигаронида шудааст, барои татбиқи стратегияи “Қазоқистони Одилона ва Қавӣ”, ки ба принсипҳои қонун ва тартибот асос ёфтааст, намунаи илҳомбахш аст.
Сарвари давлат омодагии Қазоқистонро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ бо ИМА тасдиқ намуда, қайд намуд, ки сармоягузории амрико ба иқтисодиёти кишвар аз 100 миллиард доллар зиёд аст ва гардиши мол ба 5 миллиард доллар наздик шудааст. Имрӯз дар Қазоқистон зиёда аз 600 ширкати амрикоӣ фаъолият мекунанд ва ҷумҳурӣ то чоряки талаботи урани ИМА-ро таъмин мекунад.

Дар ҷараёни сафар байни ширкатҳои ду кишвар ба маблағи беш аз 17 миллиард доллар созишномаҳо ба имзо расиданд. Ба гуфтаи президент, иқтидори ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ энергетика, маъданҳои муҳим, нақлиёт, молия, зеҳни сунъӣ ва маорифро дар бар мегирад ва беш аз ним триллион доллар арзёбӣ мешавад.
Қасим-Жомарт Токаев сармоягузорони амрикоиро даъват намуд, ки имкониятҳои дар Қазоқистон таъсисдодашударо фаъолтар истифода баранд ва онҳоро ба дастгирии шахсии худ итминон дод.
Аксҳо: Акорда
