Ҷавонони тоҷик дар Челябинск: «Мубориза бо экстремизм аз маърифат оғоз меёбад» – ИА Караван Инфо
Ҷавонони тоҷик дар Челябинск: «Мубориза бо экстремизм аз маърифат оғоз меёбад»

Душанбе, 01 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Челябинск ҳамоиши муҳим таҳти унвони «Пешгирии экстремизм дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо ва байнимазҳабӣ, рафтори харобиовар дар байни ҷавонон» бо иштироки донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Мақсади чорабинӣ — баланд бардоштани сатҳи маърифатии ҷавонон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои ифротгароёна буд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 мавриди баррасӣ ва тавзеҳ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ин Паём санади стратегии рушди Тоҷикистон буда, татбиқи он заминаи устувори пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мебошад.

Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки Президенти мамлакат ҳамеша ҷавононро ба омӯхтани илм, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир даъват намуда, таъкид мекунанд, ки танҳо дониш метавонад омили ҳифзи истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгон гардад.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат ҷавонон ҳамчун неруи созанда, захираи стратегии давлат ва ояндаи миллат арзёбӣ мегарданд.

Ҳозирин таъкид намуданд, ки вазифаи ҳар як волидайн, омӯзгор ва ҷомеа — тарбияи ватандӯстона, маърифатӣ ва зеҳнии ҷавонон мебошад, то онҳо дар рушди ҷомеаи навин ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳмгузор бошанд.

Дар қисмати дуюми ҳамоиш донишҷӯён дар муҳити озоду дӯстона андешаҳои худро оид ба роҳҳои пешгирии экстремизм, рушди худшиносии миллӣ, аҳамияти илму маърифат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ баён карданд.
Онҳо таъкид намуданд, ки маърифат ва худшиносӣ — сипари асосӣ бар зидди терроризм ва ифротгароӣ мебошанд.

Дар охири чорабинӣ намояндагони ташкилкунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро тавзеҳ дода, нақши он дар тақвияти худшиносиву ҳувияти миллӣ миёни ҷавононро шарҳ доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

error: