Душанбе, 13 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар охири моҳи январ дар Тоҷикистон тибқи суннати дерина яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллати тоҷик — Сада таҷлил мегардад. Ин ҷашн, ки реша дар умқи ҳазорсолаҳо дорад, имрӯз низ ҳамчун рамзи рӯшноӣ, гармӣ ва навшавии зиндагӣ ҷойгоҳи хос дар фарҳангу маънавияти ҷомеа дорад.

Таҷлили ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ мутобиқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ мегардад.
Ба андешаи олимон ва муҳаққиқони фарҳанги мардумӣ, ҷашни Сада аз наздик омадани Наврӯз — соли нави аҷдодӣ, бедории табиат ва омода шудани замин барои кишту кор дарак медиҳад. Таҷлил гардидани он панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз деҳқононро ба анҷоми омодагиҳо барои мавсими баҳорӣ ҳидоят мекунад ва анҷоми фасли сарморо ёдрас менамояд.
Ин маънӣ дар суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид ёфтааст: «Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, анҷоми фасли сармо ва наздик омадани Наврӯз — соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад».
Марҳалаи муҳим дар таърихи ҷашни Сада эътирофи байналмилалии он ба ҳисоб меравад. 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада дар баробари Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё гардида, ба қисми ҷудонашавандаи сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, соҳибихтиёрӣ ба эҳёи арзишҳои бостонӣ замина гузошт:
«Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем. Шашмақом, Фалак, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд».
Сада танҳо як ҷашни тақвимӣ нест. Он рамзи арҷгузорӣ ба нур ва гармӣ, эҳтиром ба табиат, меҳру муҳаббат, дӯстӣ ва ваҳдат мебошад. Ин ҷашн идеяи навшавии зиндагӣ ва пайванди наслҳоро таҷассум намуда, ҳамчун мероси зиндаи фарҳангӣ то имрӯз ҳифз шудааст.
Имрӯз низ ҷашни Сада дар Тоҷикистон бо риояи пурраи суннату анъанаҳои хос таҷлил мегардад ва пайванди устувори гузашта, имрӯз ва фардои миллатро бозгӯ мекунад.
АКС: Азия Плюс
