Қазоқистон ва МАБЭА ҳамкориро дар тибби ҳастаӣ тақвият медиҳанд
Остона, 19 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Муовини аввали вазири тандурустии Қазоқистон Тимур Султонгазиев бо намояндагони миссияи агентии Байналмилалии энержии атомӣ (МАБЭА) мулоқот намуд. Рушди тибби ҳастаӣ ва таъсиси маркази салоҳият барои Кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Қазоқистон ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди терапияи протонӣ, радиофармасевтика ва тайёр намудани кадрҳо изҳори манфиатдорӣ намуд.
“Мо омодаем, ки таҷрибаро бо минтақа мубодила кунем”, — таъкид намуд Султонгазиев.
Намояндаи МАБЭА сатҳи баланди салоҳияти мутахассисони маркази миллии илмии онкологии Қазоқистон ва иқтидори онҳоро барои иштирок дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ қайд намуд.
Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ
