Дар Алмаато дар заминаи Маркази амалиёти сулхофарии Вазорати мудофиаи ЧК курси минтакави огоз ёфт, ки ба баланд бардоштани тахассуси кормандони харби-тиббии кишвархои Осиёи Маркази дар сохаи таъмини тиббии амалиётхо оид ба безараргардонии ашёи тарканда равона намуда шудааст.

Курс, ки аз чониби дафтари Барномахои САХА дар Душанбе дар якчояги Бо Маркази назорати силох ва таъмини нозироти ВМ ЧК ташкил шудааст, хам донишхои назарияви ва хам малакахои амалиро, ки барои расонидани ёрии аввалияи тибби дар шароити шадид заруранд, фаро мегирад. Ба коркарди амалхо дар холатхои гайристандарти, ки барои амалиёти минапартои хос аст, диккати махсус дода мешавад.
Барномаи курс бо назардошти стандартхои байналмилали тахия шудааст ва ба шароити вокеи ба кадри имкон наздик аст. Иштирокчиёни курс на танхо чанбахои назариявиро меомузанд, балки малакахои амалиро дар маркази тибби — харбии ВМ ЧК низ меомузанд.
Ин курс як кадами мухим дар баланд бардоштани амният ва омодагии фаврии хизматчиёни харби дар минтака буда, ба тахкими хамкорихои байни Кишвархои Осиёи Маркази мусоидат мекунад.
Сурат: ВМ ЧК