Дар Казокистон, дар куххои Алатауи Чунгар, машкхои муштараки тактики-махсуси «Алтин киран» бо иштироки десантиёни Казокистон ва нерухои таъиноти махсуси Озарбойчон огоз ёфт. Максади машкхо мубодилаи тачриба ва баланд бардоштани сатхи омодагии чангии чузъу томхо.
Иштирокчиёни машкхо, ки ба отрядхои чамъбасти таксим шудаанд, вазифахои гуногунро ичро мекунанд, аз чумла тайёрии кухнаварди, расонидани ёрии аввалияи тибби дар шароити кухи ва инчунин малакахои зинда мондан. Десантиёни казокистон тачрибаи зинда мондани худро дар куххо ва хамкорони озарбойчони малакахои истифодаи хавопаймохои бесарнишин ва чузъу томхои иктишофи мубодила мекунанд.
Муовини рохбари машкхо полковник Агзам Берденов сатхи баланди омодагии хизматчиёни харбии озарбойчониро кайд намуд ва изхори бовари намуд, ки машкхои муштарак ба баланд бардоштани самаранокии харду вохид имкон медиханд.
Сурат: ВМ ЧК