Дар Узбекистон бархам додани 17 намуди монополияхои давлати мархила ба мархила ба накша гирифта шудааст – ИА Караван Инфо
Дар Узбекистон бархам додани 17 намуди монополияхои давлати мархила ба мархила ба накша гирифта шудааст

Дар Узбекистон аз байн бурдани 17 намуди монополияхои давлати дар сохахои гуногун, аз чумла энергетика, бахши нафту газ, хочагии об, сохтмони роххо, хизматрасонии рохи охан ва фурудгох дар назар аст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент Шавкат Мирзиёев хабар медихад.

Ин тагйирот ба пешгирии амалхои зидди ракобат дар хариди давлати ва таъмини шаффофияти ин равандхо равона карда шудааст. Дар доираи ислохот дар биржахои моли пешниходхо зиёд намуда мешавад, ки имкониятхои интихоби харидоронро васеъ мекунад.

Аксхо: хадамоти матбуоти президент

Дар муаррифии охир бо иштироки президент Консепсияи рушди ракобат пешниход карда шуд, ки кадамхои минбаъдаро барои кохиш додани иштироки давлат дар иктисодиет, озод намудани дастраси ба бозор ва фарохам овардани шароити баробар барои сохибкорон пешбини мекунад. Бекор намудани мукаррароти меъёрию хукуки ва талаботи зиёдати, ки дастрасии озоди сохибкоронро ба бозорхо душвор мегардонад, ба накша гирифта шудааст. Барои кам намудани бори танзимкунанда, аз чумла иваз намудани расмиёти ичозатдихи ва ичозатномахо барои сугуртаи хатмии масъулият сабукихо чори намуда мешаванд.

Дар сохахои монополияхои табии, танзимгарони мустакили бозор чори карда мешаванд. Дар бозорхои марбут ба монополияхои табии иштироки субъектхои монополияи табии махдуд карда мешавад, ки барои рушди ракобат шароит фарохам меорад.

Дар назар аст, ки микёси хариди мустакими давлати кохиш дода шавад ва онхо ба усулхои ракобати гузаронида шаванд. Кумаки давлатии инфироди, ки ракобатро махдуд мекунад, аз чумла хукукхои истиснои, имтиёзхо ва сабукихо бекор карда мешавад.

Тавассути хамгироии системахои иттилоотии макомоти давлати мониторинги ракамии хамаи пайвандхои занчири нархгузории махсулоти аз чихати ичтимои мухим ба рох монда мешавад. Системаи хавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи холатхои созишномахо ва амалхои зидди ракобат маълумот додаанд, чори намуда мешавад.

Ин тадбирхо ба мархила ба мархила бархам додани 17 намуди монополияи давлати ва пешгирии амалхои зидди ракобат равона намуда шудаанд, ки шаффофияти равандхоро таъмин мекунанд, пешниходро дар биржахои моли зиёд менамоянд ва интихоби харидоронро васеъ мекунанд.

error: