Даври нави хамкорихои зидди фасод дар Осиёи Маркази — ИА Караван Инфо
Даври нави хамкорихои зидди фасод дар Осиёи Маркази

Санахои 20-21 майи соли 2024 дар шахри Тошканди Чумхурии Узбекистон Конфронси минтакавии коршиносон баргузор гардид, ки тахти сарпарастии Дафтари минтакавии Идораи Созмони Милали Муттахид оид ба маводи мухаддир ва чинояткори дар Осиёи Маркази (UNODC ROCA) ташкил карда шуд. Дар конфронс намояндагони Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, инчунин вакилони Казокистон, Кирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон гирди хам омаданд.

Ташаббуси UNODC ROCA оид ба ташкили ин чорабини бо зарурати мухокима ва табодули тачриба оид ба масъалахои асосии мубориза бо коррупсия маслихат шудааст. Конфронс дар заминаи Платформаи минтакави чихати мусоидат ба татбики босуръати меъёрхои Конвенсияи СММ алайхи коррупсия баргузор гардид.

Мавзухои асосии бахс механизмхои баргардонидани дороихо, идоракунии дороихои хабсшуда ва мусодирашуда, инчунин масъалахои мубрами марбут ба истифодаи криптовалютахо дар заминаи чиноятхои молияви буданд. Чорабини дар шакли мубохисахои илми сурат гирифт, ки дар он коршиносони байналмилали оид ба мавзуъхои муайяншуда гузоришхои муфассал ва пурмазмун пешниход намуданд.

Иштирокчиёни конфронс ахамияти тахкими минбаъдаи хамкорихои макомоти хифзи хукуки кишвархои минтакаро барои муборизаи муассир бо фасод ва чиноятхои молияви таъкид карданд. Чорабини тачрибаи пешкадамро муайян намуда, стратегияхои муштаракро барои хамкорихои оянда дар ин самти асоси тахия намуд.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон аз сатхи баланди ташкили конфронс ва сахми назаррас дар талошхои мубориза бо коррупсия дар Осиёи Маркази хабар медихад.

Акс: Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон

error: