Рузи 28 май раиси Вазорати дифои Чумхурии Беларус Виктор Хренин барои анчоми музокироти мухим бо вазири дифои Чумхурии Казокистон Руслан Жаксиликов вориди Казокистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти департаменти Беларус хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Виктор Хренин дар чараёни сафараш бо хамтои худ аз Казокистон масоили кунунии хамкорихои низомии ду кишварро барраси ва дар мавзуъхои мухими дифоъ табодули назар хохад кард.

Илова бар ин, кобили зикр аст, ки имруз, 29 май дар пойтахти Казокистон чаласаи Шурои вазирони дифои кишвархои узви Созмони Паймони Амнияти Дастачамъи (СПАД) баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин чорабини масъалахои мухими амният ва хамкори миёни кишвархои ширкаткунанда барраси мешаванд.
Сафари раиси вазорати дифои Беларус ба Казокистон аз хохиши харду кишвар барои рушди шарики дар арсаи низоми ва тахкими эътимоди мутакобила шаходат медихад.
Сурат: Сомонаи расмии Чумхурии Беларус