Чорабини, ки бешубха таваччухи донандагони санъати театриро ба худ чалб мекунад, дар пойтахти Киргизистон баргузор мешавад. Аз 1 то 5 июн дар Осорхонаи миллии таърихии Бишкек ичлосияи 1-уми байналмилалии Фестивали менечерони театри Вахтангов (ВФТМ Киргизистон 2024») баргузор мегардад.
Созмондихандагони чорабини барномаи пурмазмунеро ваъда медиханд, ки дар доираи он мутахассисони театр на танхо аз Русияву Киргизистон, балки аз дигар кишвархои ИДМ дониши касбии худро дар сохаи идоракунии театри муосир мубодила мекунанд. Мавзуъхои асосие, ки дар конфронс матрах хоханд шуд, хамкорихои байналмилали, сафархо ва чунбиши чашнвораи театрхои кишвархои ИДМ, хамчунин маркетинг ва менечмент дар театри муосир, бисёрфархангии театри нав ва эчоди лоихахои муштарак хоханд буд.

Маълум аст, ки дар фестивал чунин мутахассисони машхур, монанди ректори Университети санъати ба номи Б. Бейшеналиева Тумонбой Колдошов, директори омузишгохи театрии назди театри драмавии Киргизистон ба номи Т. Абдумомунова Курманчон Адилбекова, мудири шуъбаи робита бо ахли чамеаи Институти санъати театрии Россия — ГИТИС Екатерина Архипенкова, инчунин бисёр дигар намояндагони театрхои машхур баромад хоханд кард.
Чашнвораи мудирони театрхои Вахтангов (ВФТM) аллакай аз соли 2019 дар Русия маъруфият пайдо кардааст ва холо донишмандон ва мутахассисони сохаи театрро барои табодули тачриба ва андешахо дар сохаи санъати театри ба Бишкек даъват мекунад.