Киргизистон Кодекси нави мехнатро омода мекунад: коргарон ва корфармоёнро чи гуна тагйирот интизор аст — ИА Караван Инфо
Киргизистон Кодекси нави мехнатро омода мекунад: коргарон ва корфармоёнро чи гуна тагйирот интизор аст

Кумитаи Чогорку кенеш (Мачлиси Оли) оид ба конунгузории конститутсиони, сохтори давлати, масъалахои судиву хукуки ва низомнома лоихаи Кодекси нави мехнатро, ки аз чониби вазири мехнат, хифзи ичтимои ва мухочират Гулнора Баатирова пешниход шудааст, бодиккат меомузад. Дар сохаи муносибатхои мехнати, музди мехнат ва дигар чихатхо дигаргунихои чидди пешбини карда шудаанд.

Дар байни навоварихои пешниходшуда:

  • Мукаррар намудани фоизи ягонаи микдори чарима, барои вайрон кардани мухлати пардохт аз чониби корфармо, даъво оид ба бахсхо чихати ситонидани музди мехнат, бекор кардани махдудиятхои фоизи, хангоми пардохти карзхои мухлаташ гузашта.
  • Музди мехнат аз микдор, сифат ва мураккабии кори ичрошуда вобаста буда, инчунин дар асоси стандартхои касби мукаррар карда мешавад.
  • Чори намудани тартиби соддакардашудаи бастани шартхои шартномаи электронии мехнати, пешбурди дафтарчаи мехнатии электрони.
  • Имконияти бастани шартномаи мехнатии фосилави, халли масъалахои муносибатхои мехнатии хизматчиёни давлати ва чорахои хифзи мехнат барои категорияхои махсуси кормандон.

Дар Кодекси нави мехнат хамчунин квотахои чойхои кори барои маъюбон, хатмкунандагони ятимхонахо ва дигар гуруххои аз чихати ичтимои осебпазир пешбини шудааст. Ин тагйирот ба бехбуди шароити кор ва хифзи хукуки коргарон дар Киргизистон нигаронида шудааст.

error: