Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид рузи 27 май бо вазири кишоварзи ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Русия Анна Кузнецова мулокот доир намуда, дурнамои хамкорихои минтакахо дар сохаи содироти махсулоти кишоварзиро барраси намуд. Дар ин бора макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.

Дар вохури ба хамкорихо бо сохибкорону дехконон, инчунин накшахои зиёд намудани содироти махсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба вилояти Свердловск, таваччухи хоса зохир гардид. Чонибхо дурнамои хамкорихои мутакобилан судманд ва механизмхои имконпазири дастгирии ин равандро барраси намуданд.

Вилояти Хатлон истехсолкунандаи асосии махсулоти кишоварзи буда, дар он хамасола зиёда аз 300 хазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз чумла 500 хазор тонна пиёзи барвакти, ангур ва дигар зироатхо истехсол карда мешавад, ки як кисми онхо ба хоричи кишвар содирот карда мешаванд.
Инчунин Анна Кузнецова аз корхонахои саноати ва хочагихои дехконии вилоят дидан карда, бо равандхои истехсолии майдонхои сабзавот ва гармхонахои лимуи райони Кушониён шинос шуд.
Сурат: Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон