Раиси Девони Вазирони Чумхурии Киргизистон – Рохбари Дастгохи Президенти Чумхурии Киргизистон Окилбек Жапаров дар муаррифии замимаи нави бонкии мобилии «Береке» аз ЧДММ «Айял Банк» иштирок намуд.
Замимаи мазкур аз номи Сарвари Киргизистон бо дастгирии Хадамоти давлатии андози Чумхурии Киргизистон, барои намояндагони сохибкории хурду миёна тахия шудааст.

Раиси Девони Вазирон ахамияти истифодаи карорхои инноватсионии технологиро пазируфта, хамчунин кайд кард, ки ин замимаи мобили хамчун воситаи хуб барои пешбурди фаъолияти сохибкорон хизмат хохад кард.
Замимаи нав вактро барои сафар ба хадамоти андоз ва бонкхо сарфа мекунад ва инчунин дастрасии пурра ба идоракунии ухдадорихои андозро дар интернет фарохам меорад.

Инчунин А. Жапаров дар бораи сиёсати фискали дар кишвар ва ахамияти зиёд кардани хачми пардохтхои гайринакди сухан гуфт.
Аз 1 июл дар Киргизистон фаъолияти тичорати бар асоси патент катъ мешавад. Сохибкорон бояд низоми мувофики андозро интихоб кунанд — низоми умумии андоз ё низоми соддакардашудаи андозбанди дар асоси андози ягона бо меъёри 0% бо даромади то 15 миллион сом.