Дар Точикистон бунёди филиали Донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкори дар назар аст — ИА Караван Инфо
Дар Точикистон бунёди филиали Донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкори дар назар аст

Хафтаи гузашта раиси Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон дар чахорчубаи як сафари расми ба нохияи Дангара барои бунёди филиали Донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон санг гузошт.

Ба Президент накшаи сохтмони иншооти сохташаванда пешниход карда шуд. Карор аст, ки филиали Донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон дар нохияи Дангара аз хобгох, толори конфронс, китобхонаи илмию электрони, лабораторияхо, марказхо, парки технологи, толори варзиши, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат бошад.

Дар хобгох чойгир кардани 2500 донишчу пешбини шудааст. Умуман, дар як баст кариб 3500 нафар студент бояд тахсил намоянд.

Мачмааи нави сохаи илму маориф дар доираи чорабинихо бахшида ба 35-умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон бо максади боз хам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мутобики талаботи чахонии муосир бо истифода аз технологияхои сабз бунёд карда мешавад.

Эмомали Рахмон дар асоси натичахои омузиши рафти сохтмон ба масъулин, чихати бо сифати баланд анчом додани корхо дар иншоот ва чалби коргарони махалли ба ин раванд супоришхои мушаххас дод.

Акс: Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон

error: