Точикистон ба сафари Си Чинпин омодаги мегирад — ИА Караван Инфо
Точикистон ба сафари Си Чинпин омодаги мегирад

Дар Точикистон дар остонаи сафари расмии раиси Чумхурии Мардумии Чин Си Чинпин мизи мудаввари байналмилали доир гардид, ки дар он масъалаи пайвастани Стратегияи миллии рушди Точикистон то соли 2030 бо мегалоихаи чинии «Як камарбанд — як рох» барраси шуд.

Ташаббускорон Институти омузиши кишвархои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмхои Точикистон, Фонди миллии «Рохи Абрешим — Рохи муттахидсози» ва Институти омузиши Чини муосир дар шахри Чунцин (ЧНЧ) буданд.

Рустам Хайдарзода, директори Пажухишгохи омузиши мушкилоти кишвархои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмхои Точикистон изхор дошт, ки Точикистон Чинро яке аз шарикони боэътимод медонад. Муносибатхои ду кишвар дар асоси эхтиром ба фархангхои милли инкишоф меёбанд. Муносибатхои Точикистону Чин дар хама сохахо, аз чумла хамкорихои сиёси, иктисоди, фарханги ва маърифати инкишоф меёбанд.

Рустам Хайдарзода, хамчунин дар бораи накшахои Донишкада барои таъсиси Маркази омузиши Чини муосир сухан гуфт. «Мо на танхо хамсояхо, балки шарикони боэътимод низ хастем. Хитойро донистан ва фахмидан лозим аст, кайд намуд Олим.

Каблан, дар миёнаи мохи май Раиси Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон бо вазири корхои хоричии Чумхурии Мардумии Чин Ван И мулокот анчом дода буд.

Дар он мулокот Раиси Чумхурии Точикистон аз сатхи шарикии хамачонибаи стратеги миёни кишвархо изхори каноатманди кард.

«Мо чонибдори идомаи тахким ва густариши чунин анъанахое хастем, ки ба манфиатхои бунёдии халкхои ду кишвар чавобгу мебошанд», — кайд намуд рохбари Точикистон.

Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корхои хоричии Точикистон

error: