Вазири кишоварзии Чумхурии Узбекистон Иброхим Абдурахмонов бо намояндагони хайат бо рохбарии сарвари идораи савдои ИДМ ЧСК «Сибур Холдинг»мулокот кард.
Дар мулокот масъалахои хамкории дучониба барраси шуданд.
Аз чумла, пешниходхо оиди ба рох мондани истехсоли махсулоти пластикии дар хочагии кишлоки Узбекистон истифодашаванда тавассути коркарди ашеи хоми полимери шунида шуданд.

И. Абдурахмонов хабар дод, ки бо шарофати чунин лоихахо воридоти махсулоти полиэтилени ба Узбекистон кохиш дода мешавад ва барои рушди истехсолоти махалли замина гузошта мешавад. Инчунин Вазир ба намояндагони ЧСК «Сибур Холдинг» оид ба истехсоли махсулоти зарури барои технологияхои сарфаи об ва хочагихои гармхона пешниходхо дастрас намуд.

Дар чараени мулокот намояндагони ЧСК «Сибур Холдинг» изхори омодаги карданд, ки мутахассисони махаллиро таълим диханд.
Дар анчоми мулокот И. Абдурахмонов изхор дошт, ки Вазорати кишоварзии Узбекистон омода аст дар доираи ваколатхои худ кумак расонад.
Аксхо: сомонаи расмии ЧСК «Сибур Холдинг»