Киргизистон ва Туркия шарикии худро тахким бахшида истодаанд — ИА Караван Инфо
Киргизистон ва Туркия шарикии худро тахким бахшида истодаанд

Санаи 3 июни соли 2024 Сафири Фавкулода ва Мухтори Чумхурии Киргизистон дар Чумхурии Туркия Руслан Казакбоев бо раиси макомоти махаллии Этимесгути Анкара Эрдал Бешикчиоглу ва раиси макомоти амхаллии Чанкаи Анкара Хусейн Жан Гюнер мулокотхо анчом дод.

Сафир харду раиси макомотхоро бо таъйин шуданашон ба вазифахои нав табрик гуфта, ба тахкими минбаъдаи хамкорихои Киргизистону Туркия изхори бовари намуд. Чонибхо дурнамои рушди хамкорихои дучонибаи тичоративу иктисоди, фарханги, гуманитари ва сармоягузориро барраси намуда, хамчунин ахамияти густариши равобити бародаршахрии шахрхои Норин ва амкомоти махаллии Этимесгут, инчунин макомоти махаллии Чанкаяро таъкид намуданд.

Дар мулокот бо раиси макомоти махаллии Чанкая Хусейн Жан Гунер накшахои баркарор кардани муносибатхои бародаршахрии байни макомоти махаллии Чанкая ва шахрхои Киргизистон, инчунин накшахои рушди хамкори дар сохахои гуногун барраси шуданд. Раиси макомоти махалли Хусейн Жан Гунер омодагии худро барои кумак ба шахрвандон ва донишчуёни Киргизистон, ки дар каламрави Чанкай зиндаги мекунанд, таъкид намуд.

Натичаи вохурихо ин созишнома дар бораи ташкили якчояи як катор чорабинихои мадани бахшида ба садсолагии ташкил ёфтани Вилояти Мухтори Кара-Киргизистон гардид. Ин чорабинихо ба мустахкам намудани муносибатхои дустонаи байни макомоти махаллии (муниципалитетхои) Этимесгут ва Чанкая, инчунин ба амиктар шудани хамфикри ва хамкории хар ду мамлакат мусоидат мекунанд.

Сурат: Вазорати корхои хоричии Киргизистон

error: