Раиси кабинети Вазирон-Рохбари Маъмурияти Президенти Чумхурии Киргизистон иштирокчиенро бо 10-солагии имзои Шартномаи Иттифок, ки ба туфайли он фазои ягонаи иктисоди ташкил карда шуд, табрик гуфт.
Сарвари Хукумати Киргизистон дар бораи натичахои фаъолияти иттиходияи интегратсиони изхори назар кард.

«Иттиходи иктисодии авруосие пайваста, вале бо бовари дар рохи дурусти рушди худ харакат мекунад. Ин аз кори пуршиддат дар тамоми сатххои Макомоти Иттиход шаходат медихад. Мо пайваста дар болои мушкилоти нав кор карда истодаем ва бар хилофи омилхои манфии беруна, суръати рушди муштаракро суст намекунем. Дар семохаи аввали соли 2024 истехсоли саноати дар хама кишвархо динамикаи хуб нишон дод, ки афзоиши Миенаи Иттиход нисбат ба хамин давраи соли гузашта 105,6% — ро ташкил дод. Масалан, суръати афзоиши гардиши мусофирон 109,5 % ва гардиши савдои чакана 110,3% — ро ташкил дод», — кайд кард А.Жапаров.
Дар бораи дастовардхо ва нишондихандахои асосии рушди ичтимоию иктисодии Киргизистон сухан ронда, Сарвари хукумат кайд намуд, ки «дар моххои январ-апрели соли чори суръати вокеии афзоиши ММД-и Киргизистон 107,4 фоизро ташкил дод ва равандхои таваррум суст гардиданд – индекси нарххои истеъмоли то декабри соли 2023 – 101,4 фоизро ташкил дод. Хачми гардиши савдои хоричии Чумхурии Киргизистон аз руи натичахои семохаи якуми соли чори нисбат ба дар давраи соли 2023 кариб 30% зиед шуд.

А. Жапаров алохида дар бораи зарурати рушди хамкории саноати байни кишвархои Иттиходи Иктисодии Авруосие изхори назар кард.
«Дар асоси конъюнктураи ташаккулефтаи тичорати хоричи, афзалияти мо бояд хавасмандгардонии истехсолот ва истеъмоли дохили тавассути таквияти тадбирхои дастгирии хамкории саноати байни истехсолкунандагони мо ва бартараф кардани монеахо дар дохили Иттиход бошад», – таъкид кард Акилбек Жапаров.
Аксхо: сомонаи Расмии Кобинаи Вазирони Чумхурии Киргизистон