Александр Лукашенко бо сафари расми ба Мугулистон омад — ИА Караван Инфо
Александр Лукашенко бо сафари расми ба Мугулистон омад

Шоми якуми июн дар фурудгохи байналмилалии Чингисхон хавопаймои раками яки Президенти Беларус Александр Лукашенко фуруд омад, ки бо сафари расмии чорруза ба Мугулистон сафар намуд. Дар ин бора агентии телеграфии Белорус (БЕЛТА) хабар медихад.

Хайати Беларус, ки аъзои хукумат, рохбарони корхонахо, ташкилотхо ва доирахои тичоратиро дар бар мегирад, аллакай дар Мугулистон карор дорад ва бо хамкорони мугулии худ гуфтушунид мекунад.

Музокироти расми байни рохбарони ду давлат хам дар хайати танг ва хам дар хайати васеъ баргузор мешавад. Чонибхо накша доранд, ки самтхои ояндадори хамкориро барои ба хадди аксар расонидани потенсиали муносибатхои беларус ва мугулистон, аз чумла дар сохахои хамкории тичоратию иктисоди, тахвили махсулоти корхонахо ва хамкори дар сохаи кишоварзи мухокима намоянд.

Гуфта мешавад, ки чонибхо як катор хуччатхоро ба имзо мерасонанд, ки асосхои хамкории дучонибаро таквият медиханд. Илова бар ин, дар доираи сафар форуми тичоратии мугулистон ва беларус баргузор мешавад, ки дар он доирахои тичорати имкониятхои хамкори ва лоихахои мушаххасро мухокима мекунанд.

Аксхо: belta.by

error: