Душанбе, 12 июл, АИ «Караван инфо». Дар пойтахти Русия мачлиси навбатии коршиносони вазоратхои корхои дохилии давлатхои иштирокчии ИДМ баргузор шуд, ки дар он намояндагони хашт кишвар иштирок намуданд. Мавзуи асосии мухокима тахкими хамохангсозии макомоти хифзи хукук дар шароити чолишхо ва тахдидхои нав буд.

Тавре дар Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон иттилоъ доданд, дар рузномаи мачлис 12 масъалаи мубрами марбут ба муборизаи муштарак бо чинояткории фаромилли, таъмини амнияти чамъияти, табодули иттилоот ва амалиети муштарак ба миён омадааст.
Ба мубориза бо чинояткории муташаккил, экстремизм, кочоки маводи мухаддир ва дигар шаклхои чиноятхои вазнин диккати махсус дода шуд.
Аз номи ВКД Точикистон дар кори мачлис Генерал-майори милитсия Файзали Шарифзода, муовини директори Бюрои хамохангсозии мубориза бо чинояткории муташаккил ва дигар чиноятхои хатарнок дар каламрави давлатхои ИДМ иштирок намуд. Вай ахамияти густариши хамкорихои байнидавлати ва табодули мунтазами тачриба байни сохторхои кудратии кишвархои минтакаро таъкид намуд.
Мулокот кадами мухим дар рохи таквияти иктидори хамгироии ИДМ дар сохаи амнияти дохили гардид. Натичахои вохури ба тахияи стратегияхои муштараки муковимат ба тахдидхо мусоидат намуда, инчунин самаранокии вокуниши макомоти хифзи хукукро ба чолишхои болоимилли баланд мебардоранд.
АКСХО: Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон