Аз аввали соли 2024 дар Казокистон ду хамлаи террористи пешгири шудааст — ИА Караван Инфо
Аз аввали соли 2024 дар Казокистон ду хамлаи террористи пешгири шудааст

Президенти Чумхурии Казокистон бо раиси Кумитаи амнияти милли Ермек Сагимбоев мулокот доир намуда, раиси Кумита оид ба натичахои асосии кори Раёсати мубориза бо терроризм ва экстремизми дини аз аввали соли 2024 хисобот пешниход намуда, инчунин оид ба рафти ичрои чорабинихои накшаи мачмуии рушди низоми мубориза бо ифротгарои ва терроризм барои солхои 2023-2025 гуфтушунид баргузор гардид.

Тибки маълумоти мавчуда, дар соли 2024 дар Казокистон ду хамлаи террористи пешгири карда шуд, ки яке аз онхо – дар хорича бо дастгирии шарикони хоричи мебошад. Бар асоси парвандахои чиноии тафтишкардаи КНБ 26 нафар чонибдорони идеологияи радикалии дини барои фаъолияти террористи ва ифротгарои махкум шуданд. Нисбати 22 нафари дигар тафтишоти пешаки идома дорад.  

Хамчунин аз вуруди гайриконунии 139 нафар шахрванди хоричи ба Казокистон пешгири шуда, беш аз 280 шахрванди хоричи ба далели акидахои ифротгарои аз Казокистон ихроч шудаанд. Зиёда аз 190 кушиши воридоти гайриконунии адабиёти динии мамнуъ ба кишвар пешгири шуда, 19 шахрванди хоричи барои ин чиноят ба чавобгари кашида шуданд. Илова бар ин, дар гузориши раиси Кумитаи амнияти милли оид ба мусодираи 237 силохи оташфишон, 27 маводи тарканда, беш аз 4500 дона лавозимоти чанги ва дигар воситахои террористи сухан меравад.

Ба гуфтаи Э. Сагимбоев аз аввали соли 2024 дар чумхури беш аз 340 тамрини зиддитеррористи ташкил карда, худуди 3400 санчиши иншооти давлати ва дигар иншоотхо гузаронида шуд.

Акс: Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Казокистон

error: