Аз Точикистон ба Русия ва Казокистон беш аз 300 тонна мева фиристода шуд — ИА Караван Инфо
Аз Точикистон ба Русия ва Казокистон беш аз 300 тонна мева фиристода шуд

Вилояти Суғд, ки дар шимоли Точикистон вокеъ аст, ба интиколи фаъоли мевахои тару тоза ба хорич шуруъ кардааст. Тайи як хафтаи охир аз нохияи Ашт ба Русия ва Казокистон беш аз 300 тонна зардолу содир шудааст.

Ба гуфтаи сардори раёсати кишоварзии нохияи Ашт Бахтиёр Усмонов, имсол хосили зардолу махсусан фаровон аст ва боғбонони махалли тасмим доранд, хам интиколи дохили ва хам содироти ин махсулотро ба хоричи кишвар афзоиш диханд.

Б. Усмонов ахамияти бархурди нав ба содиротро таъкид кард: «Дар маркази нохияи Ашт равзанаи ягонаи амалиёти содироти ва барасмиятдарории гумрукии махсулоти содироти таъсис дода шудааст. Ин карор имкон медихад, ки суръати содирот зиёд карда шавад».

Ашт яке аз калонтарин минтакахои зардолу дар шимоли Точикистон аст, ки мавсими чамъовари аз хама пештар оғоз мешавад. Дар нохия 20 хазор гектар боги зардолу мавчуд аст.

Соли гузашта аз ин минтака 3,8 хазор тонна зардолу содир шуда, асосан ба Русия, Белорус ва Казокистон фиристода шуд. Интизор меравад, ки содирот имсол ба далели шароити мусоид ва бехбуди логистика ба таври кобили мулохиза афзоиш ёбад.

Дар бозорхои вилояти Суғд як кило зардолуи тару тоза вобаста ба навъ ва сифат аз 6-8 то 10 сомони фурухта мешавад. Шумораи умумии богхои зардолу дар нохияхои Сугд ба бештар аз 30 хазор гектар расид.

error: