Аъзои нави гайридоимии Шурои Амнияти СММ эълон карда шуданд — ИА Караван Инфо
Аъзои нави гайридоимии Шурои Амнияти СММ эълон карда шуданд

Санаи 6 июн дар чаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид Покистон, Сомали, Панама, Дания ва Юнон хамчун аъзои гайридоимии Шурои Амният барои давраи аз соли 2025 то 2026 интихоб шуданд.

«Дания, Юнон, Покистон, Панама ва Сомали аз 1 январи соли 2025 ба муддати ду сол узви интихобшудаи Шурои Амният мешаванд», — гуфт Раиси Ассамблеяи Генералии Созмони милали муттахид Дэннис Фрэнсис.

Ин овоздихи пинхони, тавре ки маъмул аст, гузаронида шуд. Барои пирузии муваффак бояд на камтар аз 2/3 овозхои намояндагони Ассамблеяи Генералии СММ дастгири карда шаванд.

error: