Санаи 10 июн мулокоти муштараки Вазири рушди иктисод ва савдо — директори кишварии бонки Исломии рушд аз Точикистон Завкизода Завки Амин ва Вазири молия Каххорзода Файзиддин Саттор бо президенти бонки исломии рушд Мухаммад Сулаймон Ал-Чассер баргузор гардид.

Дар мулокот масъалахои хамкории Чумхурии Точикистон бо бонки исломии рушд барраси шуданд. Ба талошхои Бонк чихати таъмини рушди устувори ичтимоию иктисодии кишвар бахои баланд дода шуд.

Иштирокчиени музокирот таъкид намуданд, ки бонки исломии рушд дар тули хамкорихо татбики лоихахои афзалиятнокро дар Точикистон ба маблаги 916 миллион доллар маблаггузори намудааст. Дар айни замон, Бонк 7 адад лоихаи сармоягузориро ба маблаги 237 миллион доллар дастгири намуда истодаааст.
Илова бар ин, Созишнома дар бораи лоихаи сохтмони Неругохи барки обии Рогун ба маблаги умумии 150 миллион доллар ба имзо расид.

Дар натичаи мулокот чонибхо омодагии худро чихати густариши хамкори ва татбики минбаъдаи лоихахои сармоягузори дар Чумхури кайд намуданд.
Аксхо: Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон