Чалби сармоягузори ба саноати истихрочи маъдан дар Киргизистон дар Форуми сармоягузории «Шурои хамкорихои кишвархои араб ва Осиёи Маркази барраси шуд — ИА Караван Инфо
Чалби сармоягузори ба саноати истихрочи маъдан дар Киргизистон дар Форуми сармоягузории «Шурои хамкорихои кишвархои араб ва Осиёи Маркази барраси шуд

Охири мохи май дар шахри Риёз (Шохигарии Арабистони Сауди) Форуми сармоягузории «Шурои хамкории кишвархои араб ва Осиёи Маркази баргузор гардид. Дар ин хамоиш аз Киргизистон муовини вазири иктисод ва тичорати Киргизистон Санчар Болотов ширкат дошт. У дар сессияи тематики оид ба «Саноати маъдани кухи ва металлургия» ба сухан баромад.

Дар нутки худ С. Болотов дар бораи тараккиёти сектори маъдани кухии чумхури, зиёд намудани истехсоли тилло, чори намудани технологияи пешкадам ва гузаронидани ислохоти танзимкунанда дар мамлакат сухан ронд.

Муовини вазир омодагии Киргизистонро барои таъсиси корхонахои муштарак кайд намуда, ба хамкории сармоягузорон дар сохаи истихрочи маъдан даъват кард. Санчар Болотов иштирокчиёни чорабиниро барои ширкат дар Форуми кухи ва геологии MINEX Central Asia, ки рузхои 19-20 июни соли 2024 дар Бишкек баргузор мешавад, даъват намуд.

Гайр аз ин, С. Болотов бо намояндагони Вазорати сармоягузори ва Вазорати энергетикаи Шохигарии Арабистони Сауди як катор мулокотхои дучониба анчом дод. Иштирокчиён самтхои ояндадори хамкорихои ду кишвар ва баргузории чаласаи Комиссияи байнихукуматиро барраси намуданд.

Дар сурат: Вазорати иктисодиёт ва савдои Чумхурии Киргизистон

error: