Дар Боку ва Ганча Рузхои фарханги Чумхурии Точикистон баргузор шуданд — ИА Караван Инфо
Дар Боку ва Ганча Рузхои фарханги Чумхурии Точикистон баргузор шуданд

Аз 20 то 24 майи соли 2024 дар шахрхои Боку ва Ганчаи Чумхурии Озарбойчон Рузхои фарханги Чумхурии Точикистон баргузор гардиданд.

Дар рафти чорабини мехмонон ва сокинони Озарбойчон имкон пайдо карданд, ки худро дар фазои фарханги беназири точикон гарк кунанд. Дар доираи Рузхои фарханги Точикистон намоишгоххои наккошии рассомони точик, намунахои хунархои мардуми ва либосхои милли, инчунин осори рассомону хунармандони боистеъдоди точик ба намоиш гузошта шуданд.

Яке аз чорабинихои асоси, баргузории барномаи бошукухи консерти буд, ки дар он хунармандони шоистаи точик ва ансамблхои ракс хунарнамои карданд. Дар сахна суруду охангхои халкии точик садо доданд, ки бо баромади ачоиби 110 нафар артистон анчом ёфт.

Рузхои фарханги точикон дар Озарбойчон барои сокинони харду кишвар як фурсати хубе гардид, ки бо таърихи бостони, фарханги гани, анъанахои чолиб ва арзишхои маънавии мардуми точик шинос шаванд. Ин чорабини робитахои фархангии Точикистону Озарбойчонро тахким бахшида, хамдигарфахми ва мероси маънавии ду халкро гани гардонид.

Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корхои хоричии Точикистон

error: