Муовини вазири тандурусти Чандос Буркитбоев накша дорад, ки то соли 2029 хиссаи истехсоли дорухои ватани дар бозори дохили то 50% афзоиш ёбад.
Тибки маълумоти соли 2023, хачми бозори дорусози дар чумхури 949,8 миллиард тенгеро ташкил дод, дар ҳоле ки ҳиссаи истеҳсоли ватани ҳамаги 15% (144,3 миллиард тенге) — ро ташкил дод.

Ч. Буркитбоев, хамчунин хабар дод, ки хиссаи истехсоли ватани дар низоми хариди дистрибютори ягона 31,5 фоизро ташкил додааст, ки ин аз зарурати дастгирии истехсолкунандагони махалли шаходат медихад. Айни замон дар Казокистон 193 истехсолкунандаи ватани фаъолият доранд, ки дар байни онхо ТОП-10 ширкат дар истехсоли дорувори ва тачхизоти тибби мавкеи пешсафро ишгол мекунанд.
Яке аз самтхои асосии рушди сохаи дорусози чалби сармоя мебошад. Айни замон бо сармоягузорони хоричи чихати махаллисозии 29 лоихаи нави истехсоли дорувори ва тачхизоти тибби корхо идома доранд.
То имруз бо чунин ширкатхои бузург, аз кабили «Roche» ва «Pfizer» шартномахои дарозмуддат ба имзо расидаанд ва лоихаи сармоягузори бо ширкати «Astra Zeneca» тахия карда мешавад. Илова бар ин, бо ширкатхои «Philips» ва «GE Health Care» созишномахо баста шудаанд.
Барои зиёд намудани хиссаи истехсолоти ватани дар бозор як катор тадбирхои оперативи, аз кабили ракамикунонии расмиёти харид ва мукаррар намудани нишондихандахои афзалиятноки хариди махсулоти ватани ба накша гирифта шудаанд.
Барои амали намудани тадбирхои зарури Комиссияи байниидорави таъсис дода шуд, ки стратегияи рушди саноати дорусозиро бо иштироки макомоти давлати, САЭ “Атамекен”, ассотсиатсияхои сохибкори ва саноати тахия мекунад. Татбики тадбирхои дар боло зикршуда ба ахоли бо дорухои хушсифату арзон таъмин гардида, ба тараккиёти мунтазами истехсолоти махалли мусоидат мекунад.
Акс: Манбаи расмии иттилоотии Сарвазири Чумхурии Казокистон