Санаи 5 июн дар Минск чаласаи 17-уми комиссияи Байнихукуматии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Беларус оид ба хамкории тичоративу иктисоди баргузор гардид.

Дар чараени чаласа ба рушди хамкори дар сохаи кишоварзи диккати махсус дода шуд. Вазири кишоварзии Чумхурии Точикистон Курбон Хакимзода ва Вазири кишоварзи ва озукавории Чумхурии Беларус Сергей Бартош дурнамои хамкории тичоратию иктисоди ва сармоягузориро дар саноат, илм ва маориф, тандурусти, дорусози, хифзи ичтимоии ахоли барраси намуданд.

Дар байни масъалахои асоси сохаи озукавори ва омода намудани кадрхо барои мачмааи агросаноати буданд.

Дар натичаи чаласа созишномахои хамкори оид ба вазъ ва дурнамои хамкорихои тичоратию иктисоди ва сармоягузори дар сохаи озукавори, тайер намудани кадрхо барои комплекси агросаноати ва илмхои кишоварзи, сохахои кооператсияи саноати, наклиет, маориф, тандурусти ва хамкории байниминтакави ба имзо расиданд.
Аксхо: Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон