Дар Душанбе чаласаи XXVIII Шурои рохбарони макомоти мухочирати кишвархои узви ИДМ баргузор гардид — ИА Караван Инфо
Дар Душанбе чаласаи XXVIII Шурои рохбарони макомоти мухочирати кишвархои узви ИДМ баргузор гардид

Дируз дар пойтахти Точикистон чаласаи XXVIII Шурои рахбарони ниходхои мухочирати кишвархои узви Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) баргузор шуд.

Дар чорабини рохбарони макомоти ваколатдори мухочират аз кишвархои узви ИДМ, аз чумла намояндагони кишвархои Озарбойчон, Беларус, Киргизистон, Точикистон, Русия ва Узбекистон гирди хам омаданд. Дар чаласа хамчунин. намояндагони Кумитаи ичроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии кишвархои узв, Маркази зиддитеррористи ва Конфедератсияи умумии иттифокхои касаба ширкат доштанд.

Дар чаласа масъалахои мухими марбут ба мухочират дар минтака барраси шуданд. Вазири мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон Гулнора Хасанзода кайд намуд, ки дар рузномаи чаласа мавзуъхои марбут ба вазъи мухочират, тагйирот дар конунгузори, мубориза бо мухочирати гайриконуни, конунгузории намунави ва ракамикунонии равандхо чой дода шудаанд.

Иштирокчиёни вохури рафти ичрои барномаи мубориза бо мухочирати гайриконуни, бастани созишномахои байналмилали оид ба реадмиссия, тачрибаи истифодаи принсипи «равзанаи ягона» ва ракамисози дар кори хадамоти мухочиратро барраси намуданд.

Дар натичаи мулокот Ёддошти хамкори миёни Шурои рохбарони макомоти мухочирати ИДМ ва Маркази зиддитеррористи ба имзо расида, Протоколи дахлдор кабул гардид. Корхо оид ба заминаи хукукии хамкори дар сохаи мухочират бо ташаббуси Шуро идома доранд.

Сурат: НИАТ «Ховар»

error: