Дар Казокистон Консепсияи рушди инфрасохтори тандурусти барои солхои 2024-2030 кабул намуда шуд.
Хуччате, ки бо супориши Президенти Казокистон Косим-Жомарт Токаев тахия шудааст, дар чаласаи Хукумат аз чониби Вазири тандурустии Чумхури Акмарал Алназарова пешниход карда шуд.

Тибки хуччат, дар доираи татбики Консепсия кохиши дарачаи фарсудашавии иншооти тандурусти то 30% ва афзоиши тачхизот то 88%, инчунин таъмини кормандони тиб бо хама маводхои зарури тибки меъёрхои байналмилали ба накша гирифта шудааст.
Аз соли 2019 то 2024 дар Казокистон 400 иншооти тандурусти ба кор дароварда шуд. Барои хариди тачхизоти тибби зиёда аз 261 миллиард тенге равона карда шуд. Бо вучуди ин, фарсудашавии инфрасохтор дар сатхи 50% боки мемонад, нисфи иншооти амалкунанда зиеда аз 40 сол истифода мешаванд. Махз аз хамин сабаб, дар холати дар сатхи баланди таъминот бо тачхизоти тибби — зиеда аз 80%, сифати хизматрасонии тибби аз сабаби фарсудашавии техника кохиш ефтааст.
Дар чараени санчиш Вазорати тандурустии Чумхурии Казокистон зарурати навсозии 2,5 хазор иншооти тандурустиро ошкор намуд. Мархилаи аввал сохтмони 34 лоихаи лангариро барои зиеда аз 11 хазор кат дар бар мегирад. Дар мархилаи дуюм, идома додани навсозии иншоот ба накша гирифта шудааст.
Сарвазир зарурати чалби истехсолкунандагони мавод, мебел ва тачхизоти казокистонро барои сохтмон ва таъмини иншооти нави тандурусти дар кишвар кайд намуд.
Илова бар ин, зарурати чалби сармоягузории хусуси кайд карда шуд. Ин усул бояд чораи афзалиятноки рушди инфрасохтор гардад.
Аксхо: манбаи Расмии иттилоотии Сарвазири Чумхурии Казокистон